cookie

نحن نستخدم ملفات تعريف الارتباط لتحسين تجربة التصفح الخاصة بك. بالنقر على "قبول الكل"، أنت توافق على استخدام ملفات تعريف الارتباط.

avatar

OILA.TJ

Ахбори Тоҷикистон ва ҷаҳон, рӯзгори ситораҳои маъруф, қиссаҳои хонаводагӣ, номаҳо, толеънома ва таъбири хоби Шумо ҳамарӯза дар шабакаи мо Сомонаи расмӣ: www.oila.tj Фейсбук: https://www.facebook.com/oilatj Инстаграм: https://www.instagram.com/oilatj/

إظهار المزيد
مشاركات الإعلانات
3 288
المشتركون
لا توجد بيانات24 ساعات
+1967 أيام
+33030 أيام

جاري تحميل البيانات...

معدل نمو المشترك

جاري تحميل البيانات...

00:51
Video unavailableShow in Telegram
#НавидиОила Русия ба муҳоҷирон зан гирифтану рондани мошинро манъ мекунанд
إظهار الكل...
C0005 (2).mp465.75 MB
👍 1 1
Photo unavailableShow in Telegram
Оё дар мактабҳо ҷамъоварии пули моҳона қонунист? Дар мактаби деҳаи мо ҳамчун пули моҳона охири ҳар моҳ аз хонандагон 60 сомонӣ мегиранд. Оё дар Тоҷикистон таҳсилоти миёнаи асосӣ ройгон нест, зеро фарзандони ман ҳанӯз дар синфҳои ибтидоӣ мехонанд? Комрон, н. Варзоб Мувофиқи талаботи қисми 8 моддаи 16-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» таҳсил дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи умумии давлатӣ метавонад дар баробари таҳсили ройгон бо хоҳиши падару модар ё шахсони онҳоро ивазкунандаи хонанда дар асоси шартномаи тарафайн пулакӣ бошад.
Агар дар байни шумо ва муассисаи таълимӣ шартнома оиди таҳсили пулакии фарзандатон набошад, талаби маблағи моҳона аз тарафи муассисаи таълимӣ ғайриқонунӣ аст.
إظهار الكل...
Photo unavailableShow in Telegram
Ба одамони арақхӯр хайр кунӣ, савоб мегирӣ? Дар маҳаллае, ки ман зиндагӣ мекунам, чанд одамони ниёзманд ҳастанд. Шукр, ки тиҷорат дорам ва имкон ҳаст, ки ба онҳо кӯмак кунам. Ҳамеша аз рӯйи имкон ба ин оилаҳо маблағ медиҳам, вале бархе аз онҳо бо он пул на танҳо ғизо, балки маводи мухаддир ва машруботи масткунанда ҳам мехаранд. Баъзеҳо мегӯянд, ки набояд ба онҳо пул бидиҳам. Дигарон мегӯянд, ки ба онҳо кӯмак кунам ва онҳоро ба ҳикмат даъват намоям. Аз шумо маслиҳат пурсиданӣ ҳастам, ки чӣ кор кунам? Сорбон, н. Айнӣ Чизҳоеро, ки ин хонаводаҳо ба он ниёз доранд, аз қабили ғизо, либос ва ғайра бихаред. Ин беҳтар аз он аст, ки шумо ба онҳо маблағ бидиҳед ва онҳо худашон чизҳои мубоҳро бихаранд. Дар даъвату насиҳат ва панд додани онҳо идома бидиҳед, зеро ҳаққи ҳамсоягон бар зиммаи шумо бузург аст.
Паёмбар (с) мефармоянд: «Ҷабраил дар мавриди ҳамсоя ба ман чунон васият мекард, ҳатто гумон бурдам, ки ӯро меросбар хоҳад кард». Аллоҳ тавфиқдиҳанда аст. Иншоолоҳ хайри шумо қабул ва ҳамсояи гумроҳ ҳидоят хоҳад шуд.
إظهار الكل...
Photo unavailableShow in Telegram
Чемпионати ҷаҳон оид ба ҷудо: Шарафи варзиши тоҷикро дар мусобиқа киҳо ҳимоя мекунанд? Дар пойтахти кишварамон шаҳри Душанбе аз 2 то 6 октябри соли равон Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини тарзи ҷудо байни ҷавонон баргузор хоҳад гашт. Тими Тоҷикистон дар 25 гӯштингир иборат аст. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба ҷудо дар ин мусобиқа ба сифати мизбон ширкат намуда, дар қувваозмоиҳои инфиродӣ 25 нафар варзишгарон шарафи варзиши тоҷикро ҳимоя хоҳанд кард, ки 17 нафарашон писарон ва 7 нафарашон духтарон мебошанд.
Бино ба иттилои Федератсияи ҷудои Тоҷикистон, дар Чемпионати ҷаҳон оид ба ҷудо варзишгарони то 21-сола имкони иштирок карданро доранд. Барои ширкат дар чемпионат аллакай 422 нафар варзишгарон аз 58 давлат номнавис шудаанд, ки 227 нафарашон мардон ва 195 нафарашон занон мебошанд.
Ғолибону ҷоизадорони Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини ҷудо байни ҷавонон дар баробари медал бо ҷоизаҳои пулӣ сарфароз гардонида мешаванд.
إظهار الكل...
إظهار الكل...
Дастгирии сармоягузориҳо хусусӣ барои оби нӯшокии безарар дар Тоҷикистон

👍 1
Photo unavailableShow in Telegram
Ҳомиладорӣ дар хоб чӣ таъбир дорад? Салом! Ман духтари муҷаррад ҳастам, ҷавони дӯстдошта надорам ва умуман дар бораи мардон фикр намекунам, вале аз чӣ сабаб бошад, ки вақтҳои охир тез-тез хоб мебинам, ки ҳомиладор ҳастам. Илтимос таъбири хоби маро бигӯед. М. З, хонандаи сомона
Дар хобномаҳо омадааст, ки ҳомиладорӣ дар хоб фоли нек ва нишонаи ба дастоварди бузурге ноил гаштани шахси хобдида аст. Касе, ки чунин хоб мебинад, файзу баракати зиндагиаш афзун гашта, ба қуллаҳои баланд мерасад ва машҳур мешавад. Меҳнатдӯстӣ ва фикру андешаҳои ҷолиби шахси хобдида аз ҷониби роҳбарият дар ҷойи кор қадр карда шуда, мақому манзалаташ баланд мешавад ё бо шарофати ягон кори некаш машҳур мегардад. Шахси хобдида бо эҷод сару кор дошта бошад, истеъдодаш мухлисони худро пайдо мекунад, тоҷир бошад, кораш барор гирифта, бою бадавлат хоҳад шуд.
إظهار الكل...
👍 1
Photo unavailableShow in Telegram
#Қурби_асъор Қурби расмии асъор барои имрӯз - 20.09.2024
إظهار الكل...
👎 1
00:59
Video unavailableShow in Telegram
#НавидиОила Милитсияи Душанбе хост, ронандагон қоидаҳои роҳро риоя кунанд
إظهار الكل...
нннннннн.mp475.28 MB
3🔥 1
Photo unavailableShow in Telegram
Писар бо табар ба модараш таҳдид карду... Аз меъёр зиёд нӯшидани машрубот ва истеъмоли воситаҳои нашъадор оқибат шахсро беобруву шармсор мегардонад. Ҳодисае, ки дар ноҳияи Шоҳмансури пойтахт рӯй додааст, далели равшани ин гуфтаҳост. Кормандони ШВКД-1 дар н.Шоҳмансур Раҷабов Усмоналӣ, сокини 20-солаи ноҳияи мазкурро барои дағалона вайрон намудани тартиботи ҷамъиятӣ дастгир намуданд. Нобурда санаи 16-уми сентябр дар ҳолати мастӣ аз истеъмоли воситаҳои нашъадор ба манзили истиқоматишон ҳозир шуда, дар боробари нисбати модари худ беэҳтиромӣ намудан, ҳамзамон бо табарча ӯро таҳдиди латукӯб намудааст.
Ба иттиҳоӣ Раёсати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе, нисбати Раҷабов У. протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, бо Қарори Суд ба вай ба муҳлати 10-шабонарӯз ҳабси маъмурӣ таъин карда шудааст.
إظهار الكل...
Photo unavailableShow in Telegram
Даҳшат! Паиндар кӯдаки 2-соларо бераҳмона зада кушт Марди бо гумони одамкушӣ дастгир шуда, 31 сол дошта, зодаи ноҳияи Темурмалики вилояти Хатлон мебошад, вале муввақатан дар шаҳри Душанбе зиндагӣ мекардааст. Номбурда бо моддаи 111-и Кодекси ҷиноятии ФР дар кофтукови байналмилалӣ қарор дошта, билохира дар шаҳри Душанбе бо гумони содир кардани ҷинояти одамкушӣ дастгир карда шуд. Тавре ки манбаъд менависад, гумонбаршаванда рӯзи 14-уми сентябри соли равон, тахминан соатҳои 23:30-дақиқа, дар хонаи истиқоматиаш дар ҳолати мастӣ бо ҳамсари 27-солааш ҷангу ҷанҷол намудааст. Аснои моҷарои зану шавҳар духтарчаи угайи 2-солааш сахт гиря кардааст ва мард аз қаҳру ғазаби зиёд бо бераҳмии махсус бо дасту пой ва тасмаи миёнаш кӯдакро лату кӯб намуда, баъдан бардошта ба замин задаааст. Пиандари золим бо ин ҳам қонеъ нагашта, тифли бегуноҳро бо дастонаш бӯғӣ карда куштааст.
Айни замон нисбати гумонбаршаванда бо қисми 2-и моддаи 104-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноӣ оғоз ёфта, тафтишот идома дорад.
إظهار الكل...
😡 5👍 2😢 1
اختر خطة مختلفة

تسمح خطتك الحالية بتحليلات لما لا يزيد عن 5 قنوات. للحصول على المزيد، يُرجى اختيار خطة مختلفة.