Мо "Дӯстонем"
Мо "Дӯстонем" t.me/rafiquz Админи канал. Рафиқ Норқобилов барои мурожиат тел: 91 166 62 88 Чунон рафтор кун, ки сари Падар хам нашаваду, ашки Модар нарезад.
Show more240
Subscribers
No data24 hours
No data7 days
No data30 days
- Subscribers
- Post coverage
- ER - engagement ratio
Data loading in progress...
Subscriber growth rate
Data loading in progress...
Бародарон хохарон ва модарҷонҳо мо сайти худро дар. 👉👉👉👉👉👉👉T.me/rafiquz👈👈👈👈👈 кушод кардаемаз ҳама хоҳиши моро дар t.me/rafiquz ҳамроҳ кунед силкаи канал 👇👇👇👇👇👇👇👇👇
T.me/rafiquz
👆👆👆👆👆👆👆👆👆
Аз обуначиёни гурӯҳ илтимос гурӯҳ ва гурупа ва канали Мо "Дӯстонем" аз нав кушода шуд хоҳишмандон обуна шаванд.
Чархи гарданда, ки гирди сари мо мегардад,
Душмани мост, вале дӯстнамо мегардад.
Дилсафедон ҳама ҷо рӯзи сиёҳе доранд,
Дар паси абр рухи моҳ сиё мегардад.
Барраи ҷингила то хушк шавад дар хуршед,
Ғарқа дар хуни худ аз пӯст ҷудо мегардад.
Одамизод чу хуршеди ҷаҳонпаймое
Ҳар қадар пеш равад, боз қафо мегардад.
Оҳи мо гар ҷигари чарх шикофид, чӣ суд?
Чӣ садоҳо ки фаромӯши фазо мегардад.
Бо вуҷуди ҳама ин то ба абад гардон бод,
Осиёе, ки пас аз навбати мо мегардад.
[1979]
ВАҚТ
Рӯзҳо мегузаранд,
Рӯзҳо аз сари мо,
Аз дили мо мегузаранд.
Хабари соати дидору ҷудоӣ бар лаб
Аз раҳи манзили мо мегузаранд.
Ба назар
Мо ҳама бояст зи умр
Судҳо бардорем.
Бояд аз рӯз ба рӯз
Асаре бигзорем.
Бояд аз рӯз ба рӯз
Боз ҳам бихраду солор шавем.
На чу дирӯза
Ба як қоида такрор шавем.
Лек тадбир куҷост?
Гарчи дирӯз ба сад саҳву хатое бигузашт,
Рӯзи дигар ба дигар саҳву хато мегузарад.
Чу ба таҳқиқ ту бар хилқати одам нигарӣ,
Ростӣ,
Ин ҳама аз кӯтаҳии ақли расо мегузарад.
Аҷабо!
Вақтро мегузаронем, ки барҷо бошем,
Вақтро мегузаронем, ки аз доираи вақт бурун
Бехалал аз ҳама савдо бошем.
То надонем, ки бо вақт ба ҳам мегузарем,
Аз азал сӯи адам мегузарем.
Аҷаб аст ин аҷаб аст!
Гоҳ мо бо ҳама бинодилию биноӣ
Рӯзро кӯр кунем.
Аҷаб аст ин, аҷаб аст!
Гоҳ мо бо ҳама донодилию доноӣ
Рӯзро кӯр кунем.
То надонем, ки ин оқибати кӯрдилист,
Худфиребист
Ва ё
Ҳеҷ кам аз худкушӣ нест.
Хоҳам имрӯз ба парвозгаҳи вақту фазо
Муддате бол кушоем, ки парвоз кунем.
Ҳар дари боз бубинем, ба кас бинмоем,
Ҳар дари баста бубинем, ба кас боз кунем
Хоҳам имрӯз бипурсем зи худ, то чӣ касем?
Гар расидем ба Мирриху ба Маҳтоб, чӣ хуш,
Вақти он аст, ки бо худ бирасем!
Вақти он аст, ки эй аҳли назар,
Вақти худро гузаронем аз вақт.
Вақти он аст, ки эй аҳли ҳунар,
Қадри худро гузаронем аз вақт!
... Рӯзҳо мегузаранд,
Рӯзҳо аз сари мо,
Аз дили мо мегузаранд.
Гар ситондан натавонем ҳақи хеш зи вақт,
Рӯзҳо ҳар яке чун қотили мо мегузаранд.
[1973]
Хазонрезу хазонрезу хазонрез,
Чаро умри ҷавонӣ бигзарад тез?
Чаро одам надонад қимати умр?
Чаро ночиз гардад аз пайи чиз?
(Лоиқ Шералӣ)
Choose a Different Plan
Your current plan allows analytics for only 5 channels. To get more, please choose a different plan.