cookie

We use cookies to improve your browsing experience. By clicking «Accept all», you agree to the use of cookies.

avatar

Андешакада - شیرعلی رضایان

- Таҳлили сиёсати хориҷии Тоҷикистон; - Арзёбии равандҳои Осиёи Марказӣ; - Баррасии муҳимтарин ҳодисаҳои ҷаҳон. Барои тамос: [email protected]

Show more
Advertising posts
560
Subscribers
No data24 hours
-67 days
+1330 days

Data loading in progress...

Subscriber growth rate

Data loading in progress...

Show all...
Чӣ гуна китоб хонем, то онро фаромӯш накунем?

Эҳтимол барои шумо ҳам бисёр пеш омада бошад ҳолатҳое, ки ба суроғи китобҳои қаблан хондаатон меравед, ё ба баҳонае ёдашон меафтед, аммо мебинед тақрибан ҳеҷ чизе аз онҳо дар ёдатон намондааст. Шояд ҳофизаи шумо беҳтар бошад, вале эҳтимолан ба ҳолате, ки зикр кардем, рӯ ба рӯ шудаед. Чӣ аҳли мутолиа ё ба истилоҳ “кирми китоб” бошем ва чӣ аз он гурӯҳ нафароне, ки ба нудрат китоб мехонанд, ё то маҷбур нашаванд, суроғи китоб намераванд, дар ҳар сурат дӯст дорем чизҳое, ки мехонем, ёдамон бимонад ва битавонем…

👍 5
Ду суруд дар иҷрои ҳунарманди номӣ устод Саидқул Билолов “Ватан”. URL: https://www.youtube.com/watch?v=Nn-JXrhcnG8 ва “Тоҷикистон”. URL: https://www.youtube.com/watch?v=kV_ga-jn3Tg Бубинед/шунавед ва ҳаловат баред!
Show all...
Ватан - Саидқул Билолов (Vatan - Saidkul Bilolov)

Photo unavailableShow in Telegram
Дустони гиромӣ! Иди Худсолории Тоҷикистон ба Шумо ва хонаводаи гиромиатон муборак бошад!!! Бигзор доимо осмони кишварамон соф ва парчами миллӣ парафшон ва озодиву сохибихтиёрии Меҳан ҷовидон бошад! Парвардигор Тоҷикистон ва ҳамаи моро ҳамеша дар паноҳаш нигаҳ дорад! Азизтарин иди миллӣ муборак! Акс аз Дидор Садуллоев
Show all...
👍 2🔥 2
Паёмадҳои норавшани берунсозии Толибон аз листи созмонҳои даҳшатафкан барои Қирғизистон ва кишварҳои минтақа дар баҳси коршиносон. Ҳатман тамошо кунед: https://youtu.be/1YMENvnRc0o?si=OZGiMkgZGA9yJ0x-
Show all...
بحث روز: چرا قرغیزستان به طالبان روی خوش نشان داد؟

بحث روز: چرا قرغیزستان به طالبان روی خوش نشان داد؟ گفت‌وگو با رجب صفروف، رئیس مرکز مطالعات ایران معاصر در روسیه، بسم‌الله تابان، رئیس پیشین مبارزه با جرایم جنایی وزارت داخله و فردین هاشمی، استاد دانشگاه

02:19
Video unavailableShow in Telegram
Шашмақомхонии устодони ҳунар Сарчашма: Саҳифаи фейсбукии Радиои "Садои Душанбе"
Show all...
458187012_433968293008389_4844013363030003798_n.mp46.42 MB
👍 5 1
Ёддошти сафар ба Амрико (VI) Он чӣ дар иёлати Колифорниё ва шаҳри Сан-Франсиско дидам (4) Тамошои кӯчаи морпечи нишеб дар Ломбард-стрит. Ин қисми кутоҳи кӯчаи Ломбард-стрит яке аз ҷойҳои дидании шаҳр ба ҳисоб меравад, ки ба роҳи морпечи ағба монанд аст. Вақте ба онҷо рафтем, ба монанди мо ҷаҳонгардони зиёде буданд, ки тариқи роҳравҳо аз боло ба поён мефаромаданд ва ҳамчунин, мошинҳо низ оҳиста ба поён мерафтанд. Дар ду тараф хонаҳои мардум ҷойгиранд ва лаби кӯча гулзор мебошад ва ниҳоят зебою диданӣ аст. Барои онҳое, ки роҳи морпечи ағбаро надидаанд, ин кӯча ҷолиб метобад, вале барои мо, ки роҳҳои морпечи зиёди куҳӣ дорем, як роҳи маъмулӣ менамояд. Сарфи назар аз ин тарзи бунёд ва маъруф кардани ин мавзеъ сутуданист. Сайругашт бо киштӣ дар Халиҷ. Бегоҳи рӯзи 25 июн мо ба бандар рафта, ба киштии калони дуқабата нишаста, ба сайри Халиҷ баромадем. Ба назарам киштии саворшудаам дар Ҳонолулу ва Уқёнуси Оромро тамошо кардаам - заврақ намуд. Дар бандар ин гуна киштиҳо зиёд буданд ва барои ҷаҳонгардон ва хоҳишмандони тамошои халиҷ пешбинӣ шудаанд. Масири киштӣ чунин буд: аз бандар то пули Дарвозаи тиллоӣ рафт, онро гузашта тоб хӯрду боз ба бандар бозгашт. Сайри мо бо киштӣ ҳудуди як соат давом кард ва агар одам либоси ғафстар надошта бошад, ҳатман сармо мехурад. Чун обуҳавои халиҷ аз худи шаҳр зиёд фарқ мекунад ва боди сахти сарде дорад. Дар халиҷ парандаҳои дарёӣ зиёд буданд ва ҳарсӯ парвоз доштанд. Ҳамчунин, кишти аз наздикии ҷазираи Алкотроз гузашт, ки пештар онҷо зиндони машҳури ҳамном ҷойгир буд ва ҳоло осорхона мебошад. Миёни ҳаводорони синамо филми Сахра (номи русии филм “Скала” аст) бо Шон Коннерӣ ва Николас Кейҷ дар нақшҳои асосӣ машҳур аст. Ин филм дар ҳамин зиндон ба навор гирифта шуда, унвонаш аз рӯйи номи дуюми ҷазира/зиндон гузошта шудааст. Таксиҳои беронанда дар ҷодаҳои Сан-Франсиско. Гуфтори машҳури “оянда аллакай фаро расидааст”-ро бисёриҳо шунидаанд. Инҷониб то бо ду чашми сар дидани таксиҳои беронандаи аз ҷониби ҳуши маснуӣ идорашаванда, ба ин гуфтор аҳамият намедодам. Дар ҷодаҳои шаҳри Сан-Франсиско таксиҳои беронанда зиёд ба назар мерасиданд, вале аз наздик се бор дидам: нахуст, дар назди мавзеи ҷаҳонгардии пули Дарвозаи тиллоӣ, ки мо дар қади роҳ меистодем. Таксии беронанда назди мо омода истод, мусофирон фаромаданд ва ҳаракат карду рафт. Бори дуюм дар пиёдагузари кӯчаи морпечи Ломбард-стрит, ки мо онҷо гуфтугузор доштем. Такси истод, то пиёдагардон аз ҷода гузаранд. Бори сеюм, вақте се нафар аз ҳамроҳони мо баъди тамошои халиҷ аз бандар таксии беронандаро фармоиш доданд ва то меҳмонхона омаданд. Фармоиши таксӣ ва идораи он тариқи нармафзор буда, ба гуфти ҳамсафарони мо муштарӣ бояд ба ҳаракат иҷоза диҳад, баъди расидан то макони худ роҳкироро ғайринақдӣ пардохт мекунад. Ба гуфти роҳбаладони мо таксиҳои беронандае, ки мо дидем, сабукравҳои ширкати Теслаи сарватманд Илон Маск буданд. Аз пеш шаҳри Сан-Франсиско энерҷии вижа дошта, макони зисти мардуми эҷодкор будааст. Ин шаҳр дар баробари зодгоҳи фановариҳои муосир будан, боз ватани ҳиппӣ низ ба шумор меравад. Макони нахустини ҷамъшавии ҳиппиҳо боғи Сан-Франсиско буда, аз ҳамин шаҳр ин хурдфарҳанг ба тамоми ҷаҳон паҳн мешавад. Ба гуфти хонум Мария имрӯзҳо низ насли аввали ҳиппиҳо ҳастанд, вале онҳо аллакай пир шудаанд. Идома дорад... https://t.me/shrizoyon
Show all...
👍 2 1🔥 1
Ёддошти сафар ба Амрико (VI) Он чӣ дар иёлати Колифорниё ва шаҳри Сан-Франсиско дидам (3) Дар навиштаи шабакаҳои иҷтимоӣ хонда будам, ки котиби якуми вақти Тоҷикистон Турсун Улҷабоев солҳои 50-уми асри пор дар ҳайати Иттиҳоди Шӯравӣ ба шаҳри Сан-Франсиско сафар мекунанд. Баъди бозгашт ба кишвар тасмим мегиранд, ки дар теппаҳои шарқии Душанбе сохтмонҳои пастошёна ва котеҷҳо монанди Сан-Франсиско бунёд шаванд. Ин тасмим 60 сол амалӣ нагардид. Ҳоло шаҳрдории Душанбе бо мақсади зебо кардани симои шаҳр бунёди сохтмонҳои навро дар ин мавзеъ ба нақша гирифтааст. Агар ҳамаи биноҳои мавриди назар дар ин макон бунёд шаванд, симои шаҳри Душанбе боз ҳам зебо мешавад ва манзараи куҳӣ боз ҳусни дигар зам мекунад. Фарқи гаштугузору тамошои мо дар иёлати Колифорниё ва шаҳри Сан-Франсиско аз Вошингтон ва Ҳонолулу дар он буд, ки хонум Мария роҳбалади гуруҳи мо (тибқи ваъда дар охир дар бораашон менависам) сокини ҳаминҷо буда, каме дуртар аз шаҳр зиндагӣ мекардаанд. Хонум Мария дар бораи гузаштаву имрӯза ва ҷойҳои дидании шаҳри Сан-Франсиско нақлҳои ҷолиб карданд ва вижагиҳои зиёдеро гуфтанд, ки чанде аз онҳоро инҷо менависам. Перомуни унсури испанӣ. Иёлати Колифорниё сарраввал аз ҷониби испаниҳо забт мешавад ва аксари шаҳрҳоро онҳо бунёд мекунанд. Барои ҳамин дар номгузорӣ таъсири забони испанӣ васеъ ба мушоҳида мерасад. Яъне маҳз испаниҳо ин маконро аз соҳибони аслиаш – ҳиндуҳо мегиранд, вале ин мавзеъ назар ба минтақаҳои дигари Мекзик қариб як аср аз чашми онҳо дур мемонад. Вақте испаниҳо аз уқёнус бо киштиҳо мегузаштанд, бо сабаби туман халиҷро намедиданд ва дар ин макон соҳибонаш – ҳиндуҳо зиндагӣ мекардаанд. Баъди забтшавӣ мавқеи ҳиндуҳо дар инҷо мисли дигар гушаҳои қораи Амрико танг мегардад ва баъдан пурра берун карда мешаванд. Колифорниё ҳамчун воҳиди маъмурӣ солҳои зиёде ҷузъи Мекзик мемонад ва дар асри XIX аз ҷониби Амрико забт мегардад ва яке аз иёлати он эълом мегардад. Хонаводаҳои асилзодаи испанӣ соҳибони қисми зиёди моликият дар ин иёлат будаанд ва ҳамин мақоми худро то ҷойе имрӯз низ ҳафз кардаанд. Дар асри XIX барои бунёди роҳи оҳан мардикорони чинӣ ҷалб мешаванд ва дар шароити сангин ин корро анҷом медиҳанд. Баъди поён ёфтани сохтмони роҳи оҳан бахши бузурги онҳо дар инҷо доимӣ сокин мегарданд. Аз ин рӯ, маҳаллаи чинии шаҳр ё Чайна-таун аз ҷойҳои дидании шаҳр аст ва меҳмонхонаи мо низ дар наздикии он ҷойгир буд. Тамошои халиҷ ва пули Дарвозаи тиллоӣ. Яке аз рамзҳои шаҳри Сан-Франсиско пули Дарвозаи тиллоӣ ба шумор меравад ва ду соҳили халиҷро ба ҳам мепайвандад. Пули мазкурро дар филмҳои зиёди синамои амрикоӣ ва кишварҳои дигар дидан мумкин аст. Пул як сохтмони мураккаби металӣ буда, бо тросҳои пулодии қутраш қариб як метр, ки дар дохилаш боз ҳазорҳо тросҳои хурд ҳастанд, бунёд шудааст. Дар наздикии пул ҷойи фурӯши армуғонҳо ҳаст ва дар канори он намунаи троси пулодиро барои тамошо гузоштаанд. Обуҳавои назди пул каме сард аст ва ҳамеша боди сахт мевазад. Баъди камтар дуртар рафтан дигар на сардӣ ва на бод эҳсос намешавад. Ин мавзеъ аз аввалин маконҳое будааст, ки испаниҳо сокин мешаванд ва каме болотар пойгоҳи низомии худро месозанд. Дар он мавзеъ то имрӯз пойгоҳи низомии амрикоӣ мавҷуд аст. Аз сабаби он ки боди доимӣ барои зиндагӣ мушкилиҳои зиёдеро меофарад, баъдан аҳолӣ дар поёнтар макони зистро интихоб мекунанд ва онҷо манзилҳои худро месозанд. Ба мо имкон фароҳам омад, ки пулро ҳам аз соҳил ва ҳам аз поён, аз болои киштӣ тамошо кунем. Воқеан як сохтмони калон ва мураккаб мебошад. Ранги пул ҷигарранг аст ва ба гуфти хонум Мария онро беист ранг мекунанд. Яъне то ранг карда, аз як тарафаш ба тарафи дигар мегузаранд, бо таъсири обуҳаво ранги он мепарад ва барои ҳамин ин раванд доимӣ аст. Тамошои шаҳри Сан-Франсиско аз болои теппа. Тавре дар боло ишора шуд, дар шаҳр теппаҳо зиёданд ва хонаҳои мардум дар атрофи онҳо бунёд шудаанд. Барои баромадан то болои теппаҳо роҳи морпечро бояд тай кард, ки ба роҳҳои ағбаҳои худамон монанд аст. Аз болои теппа паҳноии шаҳр, ҷойгиршавии маҳаллаҳо, боғҳо ва дигар ҷойҳои диданӣ, ба вижа халиҷ ва тумани онро метавон тамошо кард. Идома дорад... https://t.me/shrizoyon
Show all...
Андешакада - شیرعلی رضایان

- Таҳлили сиёсати хориҷии Тоҷикистон; - Арзёбии равандҳои Осиёи Марказӣ; - Баррасии муҳимтарин ҳодисаҳои ҷаҳон. Барои тамос: [email protected]

👍 4🔥 2
Ёддошти сафар ба Амрико (VI) Он чӣ дар иёлати Колифорниё ва шаҳри Сан-Франсиско дидам (2) Перомуни дидор дар шаҳрдории Сан-Франсиско Рузи 25 июн саҳар ба шаҳрдории Сан-Франсиско рафтем. Бинои шаҳрдорӣ муҳташаму зебо ва ёдгории меъморӣ мебошад. Дар марказ гумбази калоне дорад ва ба бино ҳусни хос мебахшад. Аз рӯйи гуфти масъули шаҳдорӣ, ин сохтмон аз зеботарин биноҳои маъмурии шаҳрдориҳои Амрико ба ҳисоб мерафтааст. Дар толори калони ошёнаи якум маросими никоҳкунӣ ё ба истилоҳи маъмули мо загс (сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ) сурат мегирифтааст. Ҳамаи шаҳрвандон имкон доштаанд, ки бо пардохти ҳақмузд инҷо никоҳи худро ба қайд гиранд. Ҳамчунин, инҷо маросими ҷашни 15 солагии духтарон баргузор мегардидааст, ки хоси фарҳанги испанизабонҳо мебошад. Мо чанде аз навхонадоронро дар навбат барои даромадан ва дар дохил баъди маросими никоҳ, ҳамчунин чандин духтареро дидем, ки 15 солагии худро бо либосҳои монанд ба арӯсии сурх ё гуногунранг таҷлил мекарданд. Дар шаҳрдорӣ бо мудири бахши савдои хориҷӣ дидор доштем. Аз рӯйи иттилои ӯ бармеояд, ки теъдоди қобили мулоҳизаи осиёиҳо, ба вижа чиниҳо, куриёиҳо ва ветнамиҳо дар шаҳр зиндагӣ мекардаанд ва ҳар чорумин сокини онро ташкил медодаанд. Тавлиди нохолиси шаҳр ба 1 тирилион доллари амрикоӣ баробар буда, агар кишвари худсолор мебуд, иқтисоди 19-уми ҷаҳон мегардид. Ба ин нигоҳ накарда, 3% аҳолӣ расман бекор ва 34% биноҳо низ холӣ будаанд. Ин ҳолатро ба сиёсати шаҳрдори пешин рабт дод, ки сабукиҳои зиёдеро ба сармоядорону ширкатҳо пешкаш мекунад ва онҳо биноҳои зиёди навро месозанд. Ба гуфти масъули шаҳрдорӣ аксари ширкатҳои бонуфузи ҷаҳонӣ инҷо таъсис ёфтаанд ё дафтарҳои кории худро доранд. Ҳатто ширкатҳои Тик-ток ва Ҳуавейи чинӣ низ дафтари кории худро доштаанд. Худи иёлат ва шаҳри Сан-Франсиско минтақаи пешрафтаи Амрико ба ҳисоб рафта, чунин дастовардро ба хотири рушди иқтисоди илмбунёд соҳиб шудааст. Баъди анҷоми суҳбат ба мо дафтари кории шаҳрдорро нишон доданд, дар долони он нимпайкараҳои шаҳрдорони пешин гузошта шуда, дар худи утоқ чор нафар сари роёна кор мекарданд. Ба мо иҷоза доданд, ки ба айвон бароем ва онҷо барои хотира расм гирем. Айвон калон набошад ҳам, рӯ ба рӯйи майдони назди бинои шаҳрдорӣ қарор дошт. Ба назар мерасид, ки дар маросимҳои шаҳрию иёлатию кишварӣ аз ин айвон шаҳрдор, устондор ва намояндагону роҳбарони федеролӣ дар назди ҷамъомадагон сухан мекунанд. Дидаю шунидаҳо дар Сан-Франсиско Дар оғоз лозим медонам баъзе пешфарз, мулоҳиза ва бардоштҳои худро дар бораи ин шаҳр нависам ва баъдан ба зикри дидаю шунидаҳо дар Сан-Франсиско гузарам. Тавре маълум аст, Сан-Франсиско маркази маъмурии иёлати Колифорниё ва яке аз шаҳрҳои шинохта ва рамзии Амрико буда, дар саросари ҷаҳон машҳур аст. Шаҳр дар синамои амрикоӣ зиёд таблиғ мешавад, чун дар наздикии маркази синамои ҷаҳонӣ – Ҳоливуд ҷойгир мебошад. Дар сиёсати байналмилалӣ низ дар асри ХХ нақш дорад, чун баъди анҷоми Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ дар соли 1945 маҳз дар ҳамин шаҳр ҳамоише барои таъсиси Созмони милали муттаҳид баргузор мегардад, ки бо номи “Конфронси Сан-Франсиско” машҳур аст. Ҳамаи инро барои он навиштам, ки пеш аз сафар дар хаёлам шаҳри Сан-Франсиско як шаҳри бузургу чандмиллиона тасвир мешуд, вале дар асл чунин набудааст. Шаҳр ҳудуди як миллион аҳолӣ дорад, ки аз рӯйи шумораи аҳолӣ аз ҳамаи пойтахтҳои минтақаи мо кам аст. Аммо шаҳри калону васеъ аст, аксари маҳаллаҳои қадима дар шакли аввала ҳифз шудаанд ва сохтмонҳои хурди ду-се ошёна зиёданд. Вақте дар шаҳр сайр мекунед, эҳсос мешавад, ки гоҳе ба боло ва гоҳе ба поён меравед, яъне нишебу фарози зиёд дорад. Агар ба шаҳри Истаравшан рафта бошед, дар байни шаҳр қалъаи Муғ ҷойгир аст. Вақте дар дохили шаҳр мегардед, маҳаллаҳои он дар нишебу фароз қарор доранд. Агар шаҳри Истаравшан паҳноии васеъ медошт, ба Сан-Франсиско монанд мешуд, чун шаҳр дар канори теппаҳои зиёде қомат афрохтааст. Идома дорад... https://t.me/shrizoyon
Show all...
👍 3 2
Ёддошти сафар ба Амрико (VI) Он чӣ дар иёлати Колифорниё ва шаҳри Сан-Франсиско дидам (1) Рӯзи 23 июн аз Ҳонолулу ба самти Сан-Франсиско равон шудем ва баъди панҷ соати парвоз ба иёлати Колифорниё расидем. Вақте ба шаҳри Сан-Франсиско омадем, аллакай шаб буд ва баъди ҳавои гарми Ҳонолулу салқинии ин шаҳр ба тан роҳат мебахшид. Моро дар меҳмонхонаи “Club Quarters Hotel” ҷойгир карданд, ки шабакаи чунин ҳотелҳоро дар шаҳрҳои зиёди Амрико доштааст. Ба фарқ аз меҳмонхонаҳои шаҳрҳои Вошингтон, ки субҳ танҳо чою қаҳва пешкаш мешуд ва дар Ҳонолулу, ки ҳеҷ чиз пешкаш намешуд, дар ин ҳотел 24 соат оби ҷӯшонда, чой ва қаҳва бепул барои меҳмонон дастрас буд ва шояд ба ховарӣ будани соҳибошан рабт дошт. Аслан “бандаи шикам” нестам ва бароям як бурда нон ҳам хуроки болаззат аст. Зикри ин нуктаро барои он муҳим донистам, ки дар дигар меҳмонхонаҳои истодаамон инро надидам ва мувофиқи гуфти ҳамсафарони ботаҷриба дар Амрико аслан чизи бепул кам вомехӯрад. Дар иёлати Колифорниё, ба вижа шаҳри Сан-Франсиско танҳо дӯ рӯз, яъне 24-25 июн будем. Дар ин муддат дидорҳо бо олимону пажуҳишгарони Донишгоҳи Стенфорд ва масъули шаҳрдории Сан-Франсиско доштем. Ҳамчунин, фурсати лозима барои гаштугузор фароҳам гардид. Дар зер чанде аз мушоҳидаву бардоштҳоро меорам: Он чӣ дар Донишгоҳи Стенфорд дидам Аз рӯйи барномаи сафар маълум буд, ки тамоми рӯзи 24 июн дидору суҳбатҳои мо дар кампуси Донишгоҳи Стенфорд баргузор мегарданд. Соати 9 саҳар ба роҳ баромадем ва баъди як соат ба шаҳри Пало-Алто расидем, ки донишгоҳ инҷо ҷойгир аст. Ногуфта намоманд, ки Водии Силикон дар ҳамин ҷуғрофиё ҷойгир аст ва аксари фановариҳои муосир дар инҷо ихтироъ гардидаанд. Донишгоҳ яке аз марказҳои рушдиҳандаи ҳуши маснуӣ дар ҷаҳон ба шумор меравад. Аксари стартапҳои илмбунёд маҳз дар ҳаминҷо пайдо шуда, баъдан ба ширкатҳои бузург табдил ёфтаанд. Донишгоҳ аз муътабартарин мактабҳои олии Амрико ва умумун ҷаҳон ба ҳисоб меравад ва инҷо дар самтҳои гуногун омодасозии мутахассион ва пажуҳишҳои амалӣ ба роҳ монда шудааст. Инҷо се дидор доштем ва мавзуи асосии ду суҳбат ба пажуҳиши Чин бахшида шуда буд, ки баъзе бардоштҳоро дар поён меорам. Дар бораи худи муҳити кампус мехоҳам чанд нуктаро орам. Ба назар мерасид, ки масоҳати кампус калон аст. Биноҳову роҳравҳо ва дарахту сабзаҳо тавре бунёду парвариш шудаанд, ки муҳитро барои андешидан созгор мекунад. Худи кампус руҳияи аҷиб дошт ва эҳсос мешуд, ки инҷо парастиши дониш меъёри асосӣ аст ва аксари донишомӯзону кормандон перомуни мавзуҳои ҷиддӣ андеша ва кор мекунанд. Яъне тамоми шароити лозима барои илмомӯзӣ ва пажуҳиш фароҳам гардидааст. Баъди нисфирӯзӣ танаффусе дар байни суҳбати дуюм ва сеюм доштем ва ба қаҳвахона рафтем. То расидан ба қаҳвахона дидем, ки масъулин дар чор-панҷ ҷой ба тоза ҷамъ кардани зарфҳо баъди “як пиёла чой” ё вожаи дар мо маъмул “кофе-брек” машғуланд ва ин маънои онро дошт, ки чандин дидору лексияҳо баргузор гардидаанд. Дар толори дигаре, ки ҷобаҷогузории мизу курсиҳояш ба амфитеатри хурд монанд буд, пажуҳишгар ё устоде ба донишомӯзон лексия мехонд. Муҳити кампус ниҳоят ором ва дар ҷойе садои баланде шунида намешуд. Ҳатто дар ошхонаи донишгоҳ, ки онҷо нисфирӯзӣ ғизо хӯрдем, мардум оромона перомуни мавзуҳои корию пажуҳишии худ гуфтугӯ доштанд. Дастандаркорони барнома дидори сеюмро дар китобхонаи Маркази пажуҳиши Осиёи Шарқӣ баргузор карданд, ки ҳадафи он шиносоӣ бо кормандони ин бахши Донишгоҳ ва шабакасозӣ буд. Дар ин дидор бо хонуме вохурдам, ки аз тоҷикони Афғонистон буда, дар донишгоҳ кор мекардааст. Ӯ гуфт, ки соли гузашта як духтаре аз Тоҷикистон ба факултаи онҳо дохил шудааст. Дар роҳрав як ҷавони дигареро аз Қазоқистон дидем, ки донишҷӯйи соли дуюм будааст. Идома дорад... https://t.me/shrizoyon
Show all...
👍 8 2🔥 1
Ҳафтаи гузашта бо хабарнигор Моҳрӯ Қурбонова дар бораи пешгирии ифротгароӣ суҳбате доштем. Ба таваҷҷуҳи Шумо навори ин суҳбатро пешкаш мекунам: https://www.youtube.com/watch?v=gQCd188WSuc&t=5s
Show all...
اندیشه‌ها پیرامون پیش‌گیری از افراطگرایی/ Андешаҳо перомуни пешгирии ифротишавӣ

Суҳбати хабарнигор Моҳрӯ Қурбонова бо сиёсатшинос Шералӣ Ризоён

👍 5🙏 4
Choose a Different Plan

Your current plan allows analytics for only 5 channels. To get more, please choose a different plan.